Оилаи солим-пойдевори ҷомеа.

Асоси бунёди миллату ҷомеаи солим, пеш аз ҳама, ба фазои солимии оила вобастагӣ дорад. Дар замони муосир оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа беш аз пеш аҳамияти хосаро соҳиб гашта истодааст. Беҳтаршавии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо таъсироти амиқи худро ба рушд ва пешрафти давлату миллатамон мерасонанд.

Оила ин муҳити ҳамзистии ҷинсӣ, ахлоқӣ ва иқтисодтии зану мард аст, ки максадаш идомаи насл, қаноати талаботи биологӣ ва баёни эхсоси мухаббат мебошад.

       Инсон  ба  ҳайси    мавҷуди   зиндаю   оқил  дорои  ду  хусусият   ё ду табиат  -биологи ва иҷтимоӣ аст. Онхо ба сифати   зодаи   табиат,  мисли ҳайвон табиатан  дорои  шаклу  узв  ва  қобилиятхои  хос  буда,  тибқи  қонунхои  биологӣ,  физиологӣ ва  равони  ҷисман  ва  рухан  инкишоф меёбанд.

Кумаки моддӣ ба муносибати Иди Рамазон

Кормандони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати дастгирии ниёзмандон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар арафаи иди саиди Фитр ба ятимону маъюбон, шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумакҳои моддӣ ба маблағи 17063 намуданд.

Дастгирии кӯдакони маъюб аз тарафи шуъбаи РАҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Аз тарафи шуъбаи РАҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» 1-уми июн ба кӯдакони маъюб, ки таҳти сарпарастии ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ»-и вилояти Хатлон қарор доранд, кӯмаки яквақтаина ба маблағи 400 сомонӣ расонида шуд.

Pages