Оилаи солим-пойдевори ҷомеа.

Асоси бунёди миллату ҷомеаи солим, пеш аз ҳама, ба фазои солимии оила вобастагӣ дорад. Дар замони муосир оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа беш аз пеш аҳамияти хосаро соҳиб гашта истодааст. Беҳтаршавии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо таъсироти амиқи худро ба рушд ва пешрафти давлату миллатамон мерасонанд.

Оилаи солим метавонад ҳастии миллатро таъмин намуда, онро ҳамчун як миллати солиму устувор ва ояндадор рушд бахшад. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаро мебояд дар бунёди оилаи солим аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Бо арҷгузори ба оила ва пойдории оила ҳамасола 15 май дар сартосари Тоҷикистон «Рӯзи оила» таҷлил карда мешавад, ки воқеан ҳам баҳри пойдорию  устувории оила маҳз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар самти оила ба мушоҳида мерасад.

Дастгириҳои давлату ҳукумати Тоҷикистон дар бунёди инфрасохтори соҳа низ беназир аст, зеро бо дастгириҳои ҳукумати Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ соли 2006 дар арафаи ҷашнгирии 2700 солагии Кӯлоб  ба истифода дода шуд ва соли 2018 дар доираи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019” пурра таъмиру тармими замонавӣ карда шуд.

Шароити корӣ нисбати солҳои қабли дар Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб рӯ ба беҳбуди оварда, ҷараёни кор пурра бо техналогияи муосир сурат мегирад ва тамоми дастгоҳҳоро ҷавонон идора менамоянд.

Таъмиру азнавсозӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин кардани Бахш маҳз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар доираи истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст омад, ки миннатдории тамоми кормандонро ба Роҳбарияти олии сиёсии кишвар мерасонам.

Бояд гуфт, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои рузафзуни давлату ҳукумати кишвар дар доираи таҷлил аз “Рӯзи оила” дар шаҳри Кӯлоб силсила чорабиниҳо ташкилу баргузор карда шуда, маърифати оиладорӣ, устувор нигоҳ доштани оила ва пешгирии бекор кардани ақди никоҳи ҷавонон мавриди омӯзиш  ва таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Аз оғози сол то кунун дар шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб 32 чорабиниҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ташкилу баргузор карда шуд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки ҳоло ҳам ҷавонон барои бунёди оила камтаҷриба буда, омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ  масъалаи умдаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 Қобили қайд аст, ки дар Тоҷикистон махзани ҳуқуқии басанда баҳри такомули оилаи солим мавҷуд мебошад.

Бо дарназардошти талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба масъалаи таълиму тарбия, оила ва оиладорӣ диққати махсус зоҳир гардидааст.

Ташкил ва ба роҳ мондани давлатдории муосири миллӣ, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад, аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият маҳсуб меёбад ва пойдориву мустаҳкамии он, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти оилаҳои солими ҷамъиятамон вобастагӣ дорад.

      Дар Паёми имсолаашон Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нуктаи бисёр арзишмандро зикр намуданд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд». Пас аҳли ҷомеаро мебояд, ки бетафовутӣ ва бемасъулиятӣ нишон надода, барои солимии оила саҳм гузоранд.

         Дар рӯзҳои таҷлили «Рӯзи оила» ба тамоми мардуми сарбаланду бовиқори кишвар барору муваффақият, саломатию саодатмандӣ таманно карда, дар бунёди  оилаи соҳибмаърифату соҳибфарҳанг барояшон бурдбориҳоро хоҳонам.

Мудири  бахши САҲШ-и

шаҳри Кӯлоб:                               Иброҳимзода М.Б.