Оила ин муҳити ҳамзистии ҷинсӣ, ахлоқӣ ва иқтисодтии зану мард аст, ки максадаш идомаи насл, қаноати талаботи биологӣ ва баёни эхсоси мухаббат мебошад.

       Инсон  ба  ҳайси    мавҷуди   зиндаю   оқил  дорои  ду  хусусият   ё ду табиат  -биологи ва иҷтимоӣ аст. Онхо ба сифати   зодаи   табиат,  мисли ҳайвон табиатан  дорои  шаклу  узв  ва  қобилиятхои  хос  буда,  тибқи  қонунхои  биологӣ,  физиологӣ ва  равони  ҷисман  ва  рухан  инкишоф меёбанд. Аз чумла  узву  талаботи    ҷинсии   инсон   ҷузъи  табиат  буда, ташаккулу  инкишофи  он тибқи  қонунхои   биологи    сурат мегиранд.  Вайрон намудани   қонуниятхои  биологӣ,  физиологӣ    равони  боиси  аз байн бурдани  рушду    камоли  инсон  мешавад.  Муҳимтарин  хусусияти  мавҷудоти  зинда  ин  аст,  ки    ба хотири тавлид,     идома   додани насл  пайваста  ҷуфт-ҷуфт  зиндаги  мекунанд.  Тафовути инсон  аз  ҳайвон  ин  аст, ки  ӯ  дорои ақл  буда,  тавассути  он хешро  мешиносад, ба моҳияти  чизҳо  сарфаҳм  меравад.  Хамчунин  вай  дорои  нутқ,  қобили   меҳнат  ва фаъолияти  эчоди   мебошад. Инсонро сирф   ба василаи  ҳамин  фазилатҳо  дорои  олами  маънавӣ- дини,  ахлок,  ҳуқуқ,  сиёсат,  илм,  фарҳанг  ва  иқтисод  шудааст.  Олами маънавии   инсон  таҳти таъсири муносибати иҷтимои ва кору робитаҳои иқтисодиаш такмилу инкишоф меёбад тифле ки тасодуфан дар ҷангал калон шудааст, агар чи дорои сурати одами, узви фикр, мағзи сар ва узви нутқ-забон аст, боз ҳам ақлу хирад ва шуураш ташккулу инкишоф наёфта мебошад.  Ба ӯ дину ахлоқ ва ҳунару илм ҳам зарур нестанд, чунки шароиту талаботи иҷтимоию иқтисоди ва меҳнатию робитаҳои заруриро доро намебошад. Робитаи  ҷинси ва ҷуфтшавии зану мард маҳс туфайли шуур ва тибқи меъёрҳои динӣ, ахлоқи ва мадани сурат мегиранд. Онҳо нафақат талаботи биологии инсонро қонеъ мегартонанд, балки дорои вазифаҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ,  динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисоди, ва ғайра низ мебошанд.

         Аз ин ру, аз ҳар узви ҷомеа-писару духтар ва падару модар талаб карда мешавад, ки меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқиро риоя намоянд. Агар касе меъёру талабот ахлоқиюу ҳуқуқиро хароб мекунад, боиси мазаммати чомеа ва давлат хоҳад шуд.

       Аз  ин рӯ,  оила нафакат  яке аз шаклҳои умумияти таърихии робитаи зану мард ба хотири тавлиду идомати насл аст, балки восита ва заминаи тарбияи ҷисмию маънавии инсон низ мебошад. Вай муҳитест, ки дар он забону тафаккур, шавку завк, ахлоқ ва қобилияту истеъдоди инсон ташаккул меёбад. Оила мухити расму оин, анъана ва урфу одати миллӣ мебошад. Аз ин ру, оиларо метавон ба тарики зайл муаррифӣ кард: Оила  низоми басо мураккаби биологию иҷтимоии дорои вазифа, қоида ва талаботи хос буда, унсурхои асосиаш  падару модар ва фарзандон низ дар он мавқеъ, вазифа ва нуфузи  махсус доранд.

         Аз нигохи ҷамъиятшиносӣ оила шакли ибтидоию устувори умумияти таърихии одамон, муносибати марду зан, падару модар ва фарзандон мебошад. Чунин шакли умумияти одамон аз давраҳои таърихӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият шаклу дараҷаи фарҳангиашро тагйир додааст. Рушди савод, иштироки фаъолонаи занҳо дар ҳаёти иқтисоди, сиёси, ва мадании ҷамъият, боло рафтани савияи фарҳангиву мадани, интишори донишҳои тибби, санитари, сиёси ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии зан боиси тақвияти пояҳои оила гардид.

         Оила ин маскани тавлид, тарбия  ва нашъунамои насли башар аст.Волидайн чун кулол тифли навзодро бо захмату ранҷи бисёр соҳиби сурату сирати зебо мекунанд. Бо орзуву умеди нек тифлро парвариш ва тарбия менамоянд. Аммо фарзанди инсон аз рузи соҳиби ақлу хирад шуданаш орзуву умед, ҳавасу шавқи ба худ хос пайдо мекунад. Бинобар он истеъдоду шавқу ҳаваси фарзанд на ҳамеша бо хоҳишу завқи падару модар мутобиқат мекунад, ҳатто баъзан мухолиф ҳам қарор мегирад. Ин хусусиятро ба инобат гирифта, волидайн бояд ба фарзандон имконияти интихоби соҳа, касбу ҳунар, илму маърифати ба онҳо маъқул, мутобиқи завқу шавқашонро диҳанд.Шароит ва имконияти худомӯзӣ, машқ ва  ғайраро муҳайё намоянд, то ин ки ҳар як писар ё духтар худаш саъю кушиш намояд.   Аз ин назар ҳар як фард бояд барои ба мақсаду орзуи худ расидан ҷидду ҷаҳд намояд, ба замми мактаб касбу ҳунари дустдоштаашро мустақилона омузаду такмил диҳад.   Худомӯзи, худтарбиякуни, воситаи беҳтарини камолоту инкишофи шахс буда, ба ҳар фард имкон фаро меорад,ки ба орзуву ҳавас ва коми дили хеш бирасад. Фақат шахсе ба қуллаҳои баланди илму маданият, санъату техника расида метавонад, ки ӯ худ дар роҳи он кӯшад ва фидокор бошад.        

Оилаи нав воҳиди нави ҷамъият аст. Вай, аз як сӯ, манбаи тавлиди насл, маркази таълиму тарбияи ибтидоии фарзандон ва ташаккули хислати онҳо бошад, аз суи дигар дорои вазифаю масъулият низ мебошад, масъулияти зану шавҳарро нисбат ба ҳаёти шахс, хешу табор ва ҷамъият меафзояд. Оила аз зану шавҳари ҷавон иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамкорӣ,ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, мулоҳиза, ҳурмату эҳтироми якдигар ва хешу табор, рафту омади оилавӣ, тарбияи фарзандон ва ғайраро низ талаб  мекунад. Пас аз издивоҷ бояд бо тамоми масъулият бикӯшид, то ки дар рӯзгор покию садоқат ва меҳру муҳаббат пойдор бошанд. Тавре ки Сӯзании Самарқандӣ гӯяд.

Гар ёри нек хоҳӣ, шӯи некном бош!

Танҳо намонад он, ки буд номи некаш.

Дар навбати худ, ҳар ду ҷавон муваззафанд, то аз ибтидои рӯзҳои заношӯӣ ҳамдигарро солиму зебо гардонанд ва аз ҳамдигар лаззат бибаранд.

Ду дилбар доштан аз якдилӣ нест,

Ду дил кардан касеро оқилӣ нест.

Вақте, ки писару духтар дар хонаи падару модари худ қарор доштанд, аз ин масъалаҳо бехабар буданд. Вале акнун худи зиндагӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки ба чунин ҷиҳатҳои заношӯӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир бикунанд. Агар масоили мазкур ба хуби ҳаллу фасл бишавад, рӯзгори оилавӣ ба хушӣ ва агар не, ба сахтӣ сурат мегирад, онгоҳ дар байни зану шавҳар ҷангу ҷидолҳо рух дода, боиси заъифии фаъолияти корӣ, тарбияи фарзандон ва дигар ҳодисаҳо хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, маданияти рӯзгор тамоми чанчолу хархаша ва ихтилофҳои оилавиро файсала мекунад. Ин бошад боиси хушии падару модар ва хешу ақрабо мегардад.

Онхо аз ин изҳори хушию қаноатмандӣ карда, орзу мекунанд, ки минбаъд дар байнашон рафту омад ва дӯстию рафоқат бошад ва дар оилаи нав фарзандони зиёде тавлид шуда, ба воя бирасанд ва фарзандони содиқу арзандаи халқу Ватан бишаванд. Онҳо гӯё бо ҳамин роҳ дар назди ин ду ҷавон вазифа мегузоранд. Гӯё таъкид мекунанд,ки усулҳои ихтиёрию баробарӣ ва озодӣ ҳаргиз маънои сабукфикрию сарсариро надорад. Ин савдои бозорӣ набуда, балки савдои умр аст. Суиистеъмол ва фаҳми нодурусти усулҳои озодию баробарӣ на бояд сабаби вайронии ахлоқ, ҳисси нафрат, рафъи боварӣ, низоъ ва харобии оила гардад. Ахлоқи оилавӣ на фақат риояи муносибатҳои ҷинсӣ, балки эҳтирому ҳамкории якдигарро низ талаб мекунад. 

   Арусшавандаи имрӯз шахси бесаводу беҳуқуқ набуда,балки инсони  комилҳуқуқу соҳибақлест,ки зимни муҳаббати поку  розигии тарафайн ба шавҳар мерасад. Нишони беҳтарини зебоию хушии занро сирати ӯ, яъне рафтору кирдори ҳалимонаи хайрхоҳонааш ташкил медиҳанд. 

Ғурури беасос, сухани беандеша ва рафтори зишт боиси нохушӣ, ранҷиш ва сардии муҳаббат хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба зану шавҳар лозим аст ки ҳини беморию хастагӣ нисбати якдигар меҳрубон бошанд ва ҳаргиз дар назди хешу табор ва ёру рафиқ ба таҳқиру паст задани шахсияти якдигар роҳ надиҳанд.

Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст,

Ин дили ранҷидаро хурсанд кардан мушкил аст.

Хуб мешуд, ки дар чунин мавридҳо зану шавҳар боандеша бошанд ва ҳурмату эҳтироми якдигарро пос доранд. Чунин рафтори оқилона боиси афзоиши ҳурмат, муҳаббат ва тақвияти пояи зиндагиашон мегардад. Онгоҳ онҳо ба шахсони дигару фарзандони хеш намунаи ибрат хоҳанд шуд. Ҳалимию хайрхоҳӣ бояд пешаи зану шавҳар бошад. Чунин панди Носири Хисрав ҳам ба мард ва ҳам ба зан тааллуқ дорад:

Занонро лутфу хушхӯист дар кор,

Чу тифлонро бувад шафқат сазовор.

Зану мард бояд дар симои ҳамдигар дӯсти мушфиқ ва рафиқи ҷониро дида,аз он рӯҳбаланд бишаванд.Фарзандон инро мушоҳида карда,нисбати онҳо ҳурмату эҳтиромашонро меафзоянд.          Ногуфта намонад,ки худи ҳамсарон бо ҷангу ҷидол ва бадзабонии хеш боиси хонагурезии якдигар ва фарзандонашон мешавад. Дар ин бора Қатрони Табрезӣ фармудааст:

Киро ёри бадмеҳру бадсоз бошад,

Набошад ба коми дилаш ҳеҷ коре.

Баръакс, ороми, ширинсуханӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳар узви оиларо, мисли оҳанрабо, ба сӯи хона мекашад ва ҳисси муҳаббати якдигарро зиёд мекунад.

Зиндагии ҳамсарӣ фақат аз умумияти ҳисҳо иборат нест. Ҳини заношӯӣ, бахусус дар рӯзҳои аввали он як идда масоили зиёди мухолифу бегонае низ пайдо мешаванд. Теғи хислатҳо, номувофиқатии манфиат, табъ,баҳодиҳӣ ва одатҳои зид торҳои муҳаббатро заъиф карда, боиси ҷангу ҷидол ва дилхунукии зану шавҳар мегарданд.

Ба фикри аксарияти сотсиологон сабаби вайрон шудани  оилаҳои муосир қонеъ нагардондани талаботи физиологиашон мебошад. Шояд ин рост бошад. Аммо тадқиқоти сотсиологӣ собит намуд,ки фақат кисмати ками фоизи оилаҳо ба сабабҳои физиологӣ, вале 70 фоиз зимни ҷангу ҷидол, зидиятҳои оилавӣ, номувофиқии хислатҳо ва вайронии ахлоқи оилавӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҷангу ҷидол ба асаб ва тавассути он ба қувваҳои шаҳвонӣ, таъсир расонда, онро заъиф мекунанд. Агар зану шавҳар аз ҳам баҳра бурдан хоҳанд, бояд бо рафтору кирдори зебои хеш ҳамдигарро чун оҳанрабо ҷазб бикунанд.   Муносибати ҷинсӣ набояд, ки моҳияти ҳаёти оилавӣ пиндошта шуда, ҷиҳати маънавӣ, ахлоқӣ, маданӣ, тарбиявии он фаромӯш гардад. Дар ин бора Ҷалолиддини Румӣ мегӯяд:

Ёри ҷисмонӣ бувад руяш чу марг,

Сӯҳбаташ шум аст, бояд кард тарк.

Ҳар ки аз масоили зиндагӣ огоҳ аст, мушкилоташ ба осонӣ ҳал хоҳад шуд, зиндагӣ гузарон аст. Касе, ки имрӯз ҷавон аст, фардо падар ё модар хоҳад шуд. Модарону падарони имрӯз фардо ба бибию бобо набераю абераҳо бо чашми ибрат хоҳанд нигарист. Падару модар ва бобою бибӣ аввалин мураббии оила мебошанд. Падар боиси хушию ифтихор аст.

Ҳар шох ба мева карда пайванд,

Ҳамчун падарон ба васли фарзанд.

Падар маънои бор додан, самар овардан ва давом додани насли башарро дорад. Падар бояд кушиш намояд, то мевааш фарзандонашро ба камол бирасонад ва дар рӯҳияи беҳтарини урфу одатҳо тарбия намуда, ба онҳо касбу ҳунар биомӯзад.

Пас, аз ҷавонӣ бояд беҳтарин анъанаҳо, расму оин, одобу ахлоқи миллиро омӯхтан ногузир аст.

Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Худ ногирифта панд, мадеҳ панди дигарон,

Пайкон ба тир ҷо кунад, он гоҳ бар нишон.

Агар рафтору гуфтор, касбу кор ва санъату ҳунари шахс дар оила ва ҷомеъа боиси эҳтирому таҳсини дигарон гардад, ин хушбахтист.

Бо ибораи халқ:

“Насиҳат ба кирдор беҳ аз насиҳати ба гуфтор”.

Вале агар рафтору кирдори шахс дар оила боиси мазаммату сарзаниши дигарон қарор бигирад, бадбахтии комил аст.

Некбахт касест,ки аз ҳоли дигарон панд гирад ва бадбахт касест,ки аз ҳоли ӯ панд дигарон гиранд.

Падару модар ба фарзандони худ дар бораи ахлоқи ҳамида ва илму ҳунар сухан ронда, ҳатман бояд ба дасташон китобу маҷҷала ё асбобу олоти марбутаро низ бидиҳанд ва ба онҳо малакаҳои касбиашонро биомӯзанд. Агар фарзандон касбу кор ва илму ҳунари падарони хешро наомӯзанд, дар зиндагӣ хатои калоне содир менамоянд.

Мероси падар хоҳӣ, илми падари омӯз,

К- ин моли ҷаҳон сарф тавон кард ба ду рӯз.

                                                                   Саъдӣ

Ба ночор рӯзе пушаймон шавад.

Ҳар он кас ки панди падар нашнавад,

Халқ

Сухану рафтори модар ба фарзанд зуд таъсир мекунад.Тифлон ба ҳар сухану рафтори ӯ тақлид менамоянд:

Хушбахтӣ, ки табъи бачагон аст,

Дар панди дурусти модарон аст.

Аз ин рӯ, як зумра маслиҳату тавсияҳои худ ва дигаронро оиди маданияти оиладорӣ ва шахс ба таваҷҷуҳи хонандагони гироми тақдим медорам.

Агарчи ҳаёти оилавӣ баъзан басе сахту мушкил аст,боз ҳам ҳамсарон бояд мутмаин бошанд, ки саломатии инсон бештар марбути издивоҷ аст. Чунин аст хулосаи пизишкони фаронсавӣ. Онҳо ҷараёни фавтро омӯхта, ба чунин хулоса омадаанд, ки фавти одамони никоҳдошта камтар буда, фавти талоқшудагон, муҷаррадон хеле зиёдтар аст. Дар одамон мисли табиат, интихоби табиии ҷуфтҳое, ки қобили никоҳанд  ва ҳамчунин ихроҷи онҳое, ки ба зиндагии муҷаррадона маҳдуд шудаанд, руй медиҳанд. Фавти муҷаррадон нисбат ба оиладорон аз маризиҳои ғадудҳои гуногун, осеби системаи эндокриннӣ, пӯст, устухон ва мушакҳо ду маротиба зиёдтар аст. Азбаски занҳои муҷаррад нисбат ба занҳои шавҳардор бештар тамокую шароб истеъмол мекунанд, ба маризии саратонти шуш низ зиёдтар дучор мешаванд.  Кисмати зиёди занҳои муҷаррад аз саратони синаю касалиҳои гинекологӣ фавт мекунанд. Таъкид бояд кард,ки занҳои дар қайди никоҳ буда нисбат ба шавҳаронашон  умри зиёдтар мебинанд. Фавти ҷудошудагон нисбат ба муҷаррадон камтар аст. Хулоса яктост: ҳаёти ҳамсарӣ нисбат ба ҳаёти муҷаррадона солимтар мебошад. Пизишкон огоҳ кардаанд: ҳаёти оилавӣ боиси дарозумрии инсон мебошад. 

 

Сафарзода Зинатгул Ҳотам

Сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон