Дастгирии кӯдакони маъюб аз тарафи шуъбаи РАҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Аз тарафи шуъбаи РАҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» 1-уми июн ба кӯдакони маъюб, ки таҳти сарпарастии ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ»-и вилояти Хатлон қарор доранд, кӯмаки яквақтаина ба маблағи 400 сомонӣ расонида шуд.

Инчунин, ба кӯдаки маъюб Мирзомуродов Мустафо сокини маҳаллаи Мирзоқодиро - 2 шаҳри Бохтар ба маблағи 300 сомонӣ кӯмаки пулӣ расонида шуд.