Кумаки моддӣ ба муносибати Иди Рамазон

Кормандони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати дастгирии ниёзмандон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар арафаи иди саиди Фитр ба ятимону маъюбон, шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумакҳои моддӣ ба маблағи 17063 намуданд.