Activities calendar

13 February 2020

Вохўрии мудири бахши САҲШ-и н. Восеъ бо шаҳрвандон

    Санаи 13 феврали соли ҷорӣ, аз тарафи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ дар якҷояги бо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҳаллаҳои С. Айни  ва Н. Хусрав дар байни аҳоли вохўри гузаронида шуд.