РАФТИ СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲО БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ДАР ТАВАЛЛУДХОНАҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ КОРМАДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ

          Санаи 10 октябри соли 2020 бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомали Раҳмон ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯмак расонидан ба оилаҳои ниёзманд ба 250 нафар тифлакони навзоде, ки санаи 10.10.2020 ба дунё омадаанд шаҳодатномаҳои таваллуди ройгон ба тариқи тантанавӣ бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ дар таваллудхонаҳо аз тарафи мудирони шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Ховлинг, Балчувон, М.С. А. Ҳамадони, Леваквнт, Ҷайҳун, Ҷ. Балхи, Кӯшониён, Кӯлоб, Панҷ, Восеъ, Норак, А.Ҷоми, Фархор, Бохтар, Данғара, Ёвон, Шаҳритус, Му]минобод, Панҷ ва Хуросони вилояти Хатлон супорида шуд.

             Инчунин пеш аз чорабинӣ аз тарафи мудирони бахш бо табибон ва беморон вохурии судманд оид ба иҷрои моддаҳои 20 ва 26-и Қонуни ҶТ "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" , инчунин оид ба пешгирии вайроншавии оилаҳо,зуроварии хонаводагӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суханрони намуданд.

               Дар охир ба иштирокунандагони чорабини ёдрас намуданд,ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи интихоботи Президент баргузор мегардад, ки иштироки ҳар як фарди Тоҷикистон ҳатми буда, бо овоздиҳии дурусти худ метавонад ояндаи миллати тоҷикро равшан намояд.